Додгоҳи Узбекистон ҳукми Абдуқодир Муъминовро тағйир надод

Абдуқодир Муъминов

Додгоҳи шаҳри Тошканд ҳукми Абдуқодир Муъминов, блогери узбекистониро, ки рӯзи 4-уми августи имсол ба 7 солу 3 моҳ зиндон маҳкум шуд, бетағйир гузошт.

Додгоҳи шаҳри Тошканд ҳукми Абдуқодир Муъминов, блогери узбекистониро, ки рӯзи 4-уми августи имсол ба 7 солу 3 моҳ зиндон маҳкум шуд, бетағйир гузошт.

Муаллифи саҳифаи ютюбии "Ko'zgu" ва роҳбари ширкати "Oynaga qarang"-ро ба "Вайрон кардани дахлнопазирии манзили шахсӣ", "Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон", "Тамаъҷӯӣ", "Вайрон кардани тартиби тиҷорат" ва "Иштирок дар порадиҳӣ" гунаҳкор кардаанд.

Дар ин бора сухангӯйи Додгоҳи олии Узбекистон Азиза Обидова хабар дод. Ӯ гуфт, маҳкумшуда дар сурати норозӣ будан аз қарор метавонад ба зинаи болоӣ шикоят барад.

Мурофиаи баррасии шикояти Муъминов бе ҳузури фаъолон ва нозирон баргузор шудааст.

Дар додгоҳ гуфтанд, суханҳои вакили дифои Муъминов, ки гуё шахси зери ҳимояаш ҳангоми тафтишот шиканҷа шудааст, тасдиқи худро наёфтанд.

Пештар Сабоҳат Абдуллоева, модири Муъминов дар суҳбат бо расонаҳо хабар дода буд, ки дар боздоштгоҳе дар шаҳри Тошканд бо писараш мулоқот кардааст.

Муъминов ба модараш гуфтааст, дар рӯзи аввали боздошт дар моҳи феврали имсол аз тарафи гуруҳи зудамал дар раёсати пулиси шаҳри Тошканд шиканҷа шудааст.