Матбуот: Талафоти Исроил ба 600 нафар расид

Ба гузориши чанд расонаи исроилӣ, талафоти Исроил аз ҳамлаи густурдаи "Ҳамос" ба 600 нафар расидааст.

Дар ин бора "Kan", "Channel 12", нашрияҳои "Haaretz" ва "Times of Israel" рӯзи 8-уми октябр хабар доданд, аммо тасдиқи расмии он ҳанӯз вуҷуд надорад.

Гуруҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябр ба таври ғофилгирона ба ҷануби Исроил ҳамла кард.

Аз он замон то ҳоло даргирӣ миёни нерӯҳои Исроил ва "Ҳамос" дар Навори Ғазза ҷараён дорад.

Мақомоти Фаластин мегӯянд, дар Навори Ғазза зиёда аз 300 фаластинӣ кушта шуд.