Ширкати "Роҳҳои оҳани Узбекистон" хабар дод, ки аз 20-уми октябр қимати билети қатораҳо дар дохили кишвар меафзояд.
Ҳамакнун қимати билети қатораҳо 50 дарсад ва қимати билети қатораи балансуръати Afrosiyob 100 дарсад боло хоҳад рафт.
Дар ширкат гуфтанд, умедворанд, ки "сокинон ин ислоҳотро дуруст истиқбол мекунанд".
Ширкати мазкур хабар додааст, ки қатораҳоро нав ва вокзалҳоро таъмир мекунад.
Нашрияи Газета.уз менависад, ширкати "Роҳҳои оҳани Узбекистон" аз ҷумла ширкатҳои давлатие аст, ки корашро дар соли 2022 бо зарари зиёд ҷамъбаст кардааст. Зарари ширкат дар соли гузашта 1,17 трлн. сӯм ҳисоб шудааст, ҳарчанд даромади ширкат дар соли 2021 51,9 млрд сӯм будааст.
Дар Узбекистон ҳамчунин аз 1-уми октябр тарофаҳои барқу газ барои шахсони ҳуқуқӣ боло рафт.