Заминларза пойтахти Тоҷикистонро такон дод

Соати 3:31-и субҳи 4-уми октябр заминларзае пойтахти Тоҷикистонро такон дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт,  маркази заминларза дар 7 километрии Душанбе ва дар ҳудуди ноҳия Рӯдакӣ буд.

"Қувваи заминларза дар марказ 2-3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 балл буд. Талафот ва харобӣ сабт нашудааст,"-омадааст дар хабарномаи расмӣ.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад. Аз ҷумла бар асари заминларзаи моҳи марти имсол 2200 кас дар Тоҷикистон зарар диданд.