Нархи як маҳсулоти серистифода дар Тоҷикистон афзуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нархи орд дар Тоҷикистон зиёда аз 18 дарсад афзудааст. Сокинон мехоҳанд, мақомот роҳи ҳалли мушкилро зудтар ёбанд, чун масъалаи орд дар Қирғизистону Қазоқистон ҳам "доғ" шуда, Бишкек содироти онро барои ним сол боздошт. Масъулони ҳукумат ва тоҷирон мегӯянд, болоравии нархи орд аз онҳо вобаста нест.