Мақомоти Эрон як занро баъди эътироз алайҳи маҷбурӣ пӯшидани рӯймол дастгир кардаанд.
Мақомоти Эрон як занро баъди эътироз алайҳи маҷбурӣ пӯшидани рӯймол дастгир кардаанд.
Дар ин бора Гуруҳи ҳуқуқи башари “Hengaw” дар Норвегия рӯзи 22-юми сентябр хабар дод.
Бино ба гузоришҳо, “маъмурони амниятии Эрон чанд рӯз пеш муҳандис Зайнаб Козимиро аз хонааш бурданд”.
Хонум Козимӣ моҳи феврали имсол ба нишони эътироз алайҳи тасмими Иттиҳодияи муҳандисӣ рӯймоли сари худро ба замин афканд.
Норизоятияш аз он буд, ки Иттиҳодия ӯро ба далели гуё номуносиб будани рӯймоли сараш ба раёсат напазируфт.
Намояндагони Маҷлиси Эрон ҳафтаи гузашта лоиҳаи нави қонунро дар бораи ҳиҷобу иффат пешниҳод карданд. Дар он барои риоя накардани пӯшиши исломӣ ҷазои сахттар таъин шудааст.