Амрико хостори қатъи амалиёти низомӣ дар Қарабоғ шуд

Энтони Блинкен бо вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон

Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев вазъият дар Қарабоғи Куҳиро баррасӣ кардааст.

Блинкен дар суҳбати телефонӣ аз Алиев даъват кард, ки "амалиёти низомӣ фавран қатъ" ва аз ҳама гуна ташаннуҷ пешгирӣ шавад. Котиби давлатии ИМА ҳамчунин гуфтааст, масъалаи Қарабоғи Куҳӣ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва ҷонибҳо бояд барои ҳалли ихтилофи назар миёни Боку ва армантаборони Қарабоғи Куҳӣ аз гуфтугӯ кор бигиранд.

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон субҳи рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки "амалиёти маҳаллии зиддитеррористӣ ба таври муваффақона идома дорад".

Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон дар суҳбат бо Блинкен гуфт, Бокун "амалиёти зиддитеррористӣ"-ро замоне қатъ мекунад, ки агар низомиҳои арманӣ дар Қарабоғ силоҳи худро таслим кунанд."

Блинкен ҳамчунин бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Артиши Озарбойҷон 19-уми сентябр аз оғози амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ хабар дод. Амалиётбаъд аз таркише сар шуд, ки Боку онро кори “гурӯҳҳои харобкори арманӣ" номид. Тибқи гузоришҳо, дар ин ҳодиса чанд сарбози озарӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Омбудсмени Қарабоғи Кӯҳӣ Гегам Степанян хабар дод, ки дар натиҷаи тирпаронии ҷониби Озарбойҷон ду нафар, аз ҷумла як кӯдак кушта шуданд. Ҳамчунин дар бораи захмӣ шудани чандин кас гузориш расид, ки ҳашт нафарашон кӯдак будаанд.

Ҷониби Озарбойҷон аз кушта шудани як сокини мулкӣ дар шаҳри Шуша (номи арманиаш Шуши) хабар дод.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи сешанбе дар изҳороте гуфт, "мақсади Озарбойҷон ба амалиёти низомӣ кашидани Арманистон аст." Вай бори дигар таъкид кард, ки кишвараш дар Қарабоғи Куҳӣ артиш надорад.