Мулоқот рӯзи 19-уми сентябр дар Ню-Йорк гузашт. Ҳарду барои иштирок дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ва нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико ба Иёлоти Муттаҳида рафтаанд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар хабаре гуфт, ки дар мулоқот ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд, аммо тафсилот надод.
Дар хабари ҷониби Қирғизистон гуфта шудаааст, ки "Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон ба масоили муайян ва нишонагузории сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд."
Дар як ҳафтаи охир бори дуюм аст, ки Раҳмон ва Ҷабборов мулоқот мекунанд.
Онҳо рӯзи 14-уми сентябр дар Душанбе дидор доштанд, вале як рӯз баъд Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, санадҳое ёфтанд, ки нишон медиҳад, заминҳои ин кишвар ба Тоҷикистон гузаштааст.
Ин изҳорот вокунишҳои зиёдро дар Тоҷикистон ба бор овард.