"Бо ҳиҷоб ба дарс роҳ намедиҳанд." Шикояти донишҷӯёни узбек

Яке аз масҷидҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Дар Узбекистон маърака бар зидди гузоштани риш ва пӯшидани ҳиҷоб дубора сахт шудааст.

Дар наворҳое, ки ба бахши узбекии Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки аз донишҷӯёни ҳиҷобпӯш талаб мекунанд, ки рӯймоли худро дар пушти сарашон банданд. Донишҷӯёне, ки ин талабро иҷро намекунанд, ба муассисаи таълимӣ роҳ дода намешаванд. Ба гуфтаи муаллифон, навор 13 сентябр дар Коллеҷи бонкии шаҳри Андиҷон сабт шудааст.

Донишҷӯён пурсидаанд, "ин талаб то куҷо аз рӯи қонун аст?"

Манъи пӯшидани ҳиҷоб дар миёни донишҷӯёни дигар минтақаҳои Узбекистон низ мушоҳида мешавад.

Бар асоси қонуни Узбекистон "Дар бораи озодии ақида ва ташкилотҳои динӣ", ба ғайр аз кормандони ташкилотҳои динӣ, дигар шаҳрвандон ҳақ надоранд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ либоси динӣ пӯшанд.

Маҳдудиятҳо барои пӯшидани ҳиҷоб дар ҳоле сахтар мешавад, ки рӯзи 10-уми сентябр Девони вазирони Узбекистон аз "афзоиши ифротгароии динӣ" дар он кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Дар пайи ин ҷаласа, баъзе аз расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки садои баландгӯякҳо дар чанд масҷиди он кишвар хомӯш карда шудааст.

Узбекистон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ зиёд танқид мешавад.