Изҳороти як вакили Русия дар бораи кишварҳои Шӯравии собиқ

Евгений Федоров

Як вакили Думаи давлатии Русия мегӯяд, Маскавро зарур аст, бо ҳама ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ даст ба гиребон шавад ва ё онҳоро дигарбора зери итоати худ бигирад.

Изҳороти Евгений Федоров дар саҳифаҳои ҷонибдори Кремл дар Телеграм нашр шуд.

"Ҳамаи ҷумҳуриҳои пешин дер ё зуд бо Русия муноқиша хоҳанд кард," -- гуфт вакил.

Вай таъкид кардааст, ки дар сурати ба таври дипломатӣ баргардондани ҷумҳуриҳо аз низоъҳои ҳарбӣ пешгирӣ кардан мумкин аст. Манзури ӯ эҳёи СССР ё ҳамон Иттиҳоди Шӯравии пешин аст.

Вокуниши кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба изҳороти вакили Русия дастрас нест.

Солҳои охир ва бахусус пас аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина изҳороти баҳсбарангези мансабдорони ин кишвар алайҳи ҷумҳуриҳои собиқи "бародар" бештар садо медиҳад.

Коршиноси ҷонибдори Кремл Дмитрий Дробнитский моҳи ноябри соли гузашта Қазоқистонро "мушкили навбатӣ пас аз Украина" номида буд.