Истифодаи нармафзори ҷосусии "Пегасус" зидди муассиси "Медуза"

Галина Тимченко

Созмони "Access Now" ва сомонаи "Meduza" мегӯянд, нармафзори ҷосусии "Пегасус" (Pegasus) дар ибтидои имсол ба телефони дастии муассис ва мудири расона Галина Тимченко роҳ ёфтааст.

Телефони рӯзноманигори "Медуза" тавассути барномаи "Pegasus"-и сохтаи ширкати исроилии "NSO Group" рахна шудааст. Ин нахустин ҳолати тасдиқшудаи истифодаи "Пегасус" зидди рӯзноманигори рус аст.

Дар изҳороти созмон мақомоти чанд кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон ва баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба истифодаи нармафзор гумонбаранд.

Мақомоти Қазоқистон хабарҳоро дар бораи эҳтимоли даст доштани худ дар рахна шудани телефони рӯзноманигор шарҳ намедиҳанд. Дастрасӣ ба сомонаи "Медуза" чандин сол мешавад, ки дар Қазоқистон маҳдуд аст.

"Access Now" навишта, ки телефони Галина Тимченко баъд аз ду рӯзи "созмони номатлуб" эълон гаштани "Медуза" дар Русия рахна шудааст.

Барномаи Pegasus имкон дорад, тавассути паёмакҳои одӣ вориди телефон шуда, маълумотро рабояд ва муколамаҳоро хонад.