Вазири энергетикаи Қирғизистон Таалайбек Ибраев 11-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар зимистони имсол эҳтимоли қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинони он кишвар вуҷуд дорад.
Вай дар шарҳқи гуфтаҳояш изҳор дошт, ки дар сурати афзоиши истифодаи нерӯи барқ ва зиёдшавии сарборӣ маҷбур ҳастанд, ба зеристгоҳҳои дигар гузаранд.
"Ин кор вақтро мегирад ва мардум якуним соат бе барқ мемонанд", - афзуд ӯ.
Пештар намояндагони Вазорати энергетикаи Қирғизистон гуфта буданд, ки масъалаи манъи истифодаи нерӯи барқро барои гарм кардани биноҳо дар фасли зимистон баррасӣ мекунанд.
Онҳо ин иқдомро ба камобӣ рабт дода, гуфтанд, ҳаҷми об дар обанбори Тоқтогули Қирғизистон дар муқоиса ба ҳамин давраи солҳои гузашта кам шудааст.
Бино ба пешбиниҳо, Қирғизистон дар соли 2023 ба 17 миллиард кВт/соат барқ ниёз хоҳад дошт. Сатҳи ками об дар обанбори Тоқтогул имкон нахоҳад дод, ки ин миқдор барқ истеҳсол шавад.