Низомиёни Покистон гуфтанд, як сарбози онҳо дар тирандозӣ бо ҷангҷуёни ифротӣ кушта шудааст.
Ҳодиса шаби 9 ба 10-уми сентябр дар Миралӣ, минтақае дар Вазиристони Шимолӣ, рӯй дод.
Ин минтақаи наздик ба сарҳади Афғонистон чанд даҳа боз ҳамчун паноҳгоҳи амни ҷангҷӯён шинохта шудааст.
Гуфта мешавад, артиши Покистон дар онҷо террористҳоро меҷӯяд.
Тирандозӣ чанд рӯз баъди он рух дод, ки Покистон гузаргоҳи калидии Турхамро бо Афғонистон аз рӯзи чаҳоршанбе ба ин сӯ бастааст.