Президенти Бразилия: Путин дар нишасти 2024 дастгир нахоҳад шуд

Раиси ҷумҳури Бразилия

Луис Игнасио Лула да Силва, раиси ҷумҳури Бразилия, гуфт, агар Владимир Путин соли 2024 дар нишасти сарони G20 дар Рио-де-Жанейро иштирок кунад, боздошт нахоҳанд кард.  

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ моҳи марти имсол дастури боздошти президенти Русияро баровард.

Владимир Путин имсол ба нишасти раҳбарони бист кишвари саноатии ҷаҳон ба Деҳлӣ нарафт. Русияро дар нишаст вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров намояндагӣ мекунад.

Кишварҳои G20 рӯзи 9-уми сентябр эъломияе нашр карданд, ки таҷовузи низомии Русияро ба хоки Украина мустақим маҳкум намекунад.

Дар санад танҳо гуфта шудааст, ки давлатҳо бояд бар асоси Оинномаи Созмони Милал кор карда, аз таҳдид худдорӣ варзанд ва ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли сиёсии ҳамдигар эҳтиром гузоранд.