Мақомоти Украина гуфтанд, нерӯҳои Русия субҳи 10-уми сентябр бо дрон ё паҳподи эронии "Шаҳид" ба шаҳри Киев зарба заданд.
Низоми дифои ҳавоии Украина аз 35 ҳавопаймои бесарнишин 25-тои онро аз байн бурдааст.
Онҳо асосан шаҳри Киев ва вилояти ҳамноми онро нишон гирифта буданд. Ҳамла тақрибан ду соат давом кард.
Сергей Попко, раиси маъмурияти низомии шаҳри Киев дар Телеграм навишт, ки “дронҳо гурӯҳ-гурӯҳ ва аз гӯшаҳои гуногун ба пойтахт омаданд.”
Ба гуфтаи мақомот, боқимондаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба чанд ноҳияи Киев афтоданд.
“Дар Подил як кас захмӣ шуд ва дар наздикии яке аз боғҳои шаҳр сӯхтор сар зад,” -- гуфт шаҳрдори Киев Виталий Кличко.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо, рӯзи 10-уми сентябр дар шарқи Украина бар асари тирборони Русия ду имдодрасони хориҷӣ кушта шудаанд.