Столтенберг: далели "ҳамлаи барқасдонаи Русия ба Руминия"-ро надорем

Йенс Столтенберг

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, дар бораи ин ки пораҳои паҳпод ё дрони дар хоки Руминия, як узви ин паймони низомӣ ошкоршуда як ҳамлаи махсуси Русия мебошад, иттилои кофӣ надорад.

Столтенберг 7 сентябр зимни суханрониаш дар назди қонунгузорони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел гуфт, "мо ҳеҷ иттилое надорем, ки ба ҳамлаи барқасдонаи Русия ишора кунад. Мо интизори натиҷаҳои таҳқиқоте ҳастем, ки ҳоло ҷараён дорад".

Рӯзи 4 сентябр Украина гуфт, ки дар як ҳамлаи шабонгоҳӣ ба самти Измаил, як минтақаи соҳилие дар Одесса, ки бо Руминия ҳаммарз аст, чандин паҳпод дар хоки Руминия таркид.

Русия, ки аз қарордоди интиқоли гандум тавассути Баҳри Сиёҳ берун шудааст, ба чандин минтақаи соҳилӣ дар дарёи Дунай (Данюб) ҳамлаҳо анҷом дод. Соҳилҳои Дунайро Украина чун роҳи алтернативии содир кардани маҳсулоти кишоварзии худ истифода мекунад. Мақомот дар Руминия ҳам дар заминаи махсусан ҳадаф қарор дода шудани соҳилҳои ин кишвар аз ҷониби Русия назари ҳамсон надоранд.