Мақомот дар Украина субҳи 8 сентябр гуфтанд, ки дар пайи чандин ҳамлаи нав ба чанд минтақаи ин кишвар як нафар кушта шудааст. Ба илова, ба иддаои Киев, пешравиҳои муайян дар самти Бахмут ба даст омадааст.
Ситоди кулли нирӯҳои ҳавоии Украина гузориш дод, ки аз чандин ҳамла ба шаҳру деҳоти ин кишвар дар ҷанубу шарқ, аз ҷумла дар маҳалҳое дар Лиман, Бахмут ва Шахтярски вилояти Донетск пешгирӣ кардаанд. Низомиёни украинӣ аз "пешрафти нисбӣ" дар Бахмут хабар доданд, ки ба гуфтаашон, "душманро водор кард мавқеъҳояшро тағйир диҳад".
Ситоди кулл инчунин гуфт, ки нирӯҳо дар самти ҷанубии соҳилҳои баҳри Азов ҳам ба пешрафти муайяне даст меёбанд.