"Форуми расонаҳо" - бахшида ба 70-солагии Радиои Озодӣ

Рӯзи 14 сентябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон бахшида ба 70-солагии бахшҳои Осиёи Марказии Радиои Озодӣ форуми расонаҳо баргузор мешавад.

Форум як рӯз давом мекунад ва дар ҷараёни он баҳсу баррасиҳо оид ба фазои иттилоотӣ ва расонаҳо баргузор мешавад.

Дар ҷараёни форум расонаҳо ҳамчунин аз таҷрибаи худ дар мавриди анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ, иниъикоси ҳолатҳои фавқулода ва инчунин кор дар шароити баста будани сомонаҳоро баррасӣ мекунанд.

Радиои Озодӣ ("Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ") - расонаи мустақили амрикоӣ аст, ки тавассути гранти конгресси ИМА фаъолият мекунад. Ин радио бо 27 забон дар 23 кишвари дунё хабарпароканӣ мекунад.