Мудири пешини Оҷонси рушд ва ҳифзи сармоягузории Қирғизистон Дониёр Акматов бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шудааст.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Акматов "бо роҳи таҳдид кардану тарс додан, ки ӯ матлабҳои иғвогаронае дар ихтиёр дорад ва метавонад онҳоро дар расонаҳо нашр кунад, аз ёвари президент 300 ҳазор доллар талаб кардааст".
Мақомдори пешинро дар доираи парвандаи "Тамаъҷӯӣ" боздошт кардаанд. Боздошт рӯзи 6 сентябр ҳангоми гирифтани қисме аз ин маблағ сурат гирифтааст.
Мақомоти Қирғизистон нагуфтанд, ки Акматов аз кадоме аз ёварони президент тамаъҷӯӣ кардааст.
Акматов ибтидои соли 2021 аз мақом барканор шуд. Вай вақтҳои ахир аз истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд ва бархе аз тасмимҳои мақомотро интиқод мекард.