Дар Узбекистон қарздорони бонкҳоро меҷӯянд

Яке аз бонкҳои Узбекистон

Дар Узбекистон барномаи кӯмак ба хонаводаҳои соҳибкор аз кор мондааст. Ин барномаро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев зиёд таблиғ мекард.

Бино ба фармони президенти он кишвар, "Агробонк"-и Узбекистон дар соли 2018 ба хонаводаҳои камбизоат қарзи 14% (дертар он ба 7% расонида шуд) дода буд. Дар доираи ин барнома ҳар кадом хонаводаи камбизоат, ки хоҳиши тиҷорат карданро дошт, метавонист, аз бонк то 2,5 ҳазор доллар қарзи имтиёзнок бигирад.

Бисёре аз онҳое, ки аз бонк қарз гирифта буданд, онро барнагардониданд. Айни замон дар сартосари Узбекистон қарздоронро меҷӯянд. Наворҳои ба суроғи қарздорон рафтани мақомот дар бахши узбекии шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд мечархад. Дар наворҳо дида мешавад, ки чи гуна судиҷрочиён охирин чорво ва ё мошини куҳнаи шаҳрвандро дар ивази қарзи бонк меситонанд.