"Чунин қарор дар кишвари мо номумкин буд. Мехоҳам фикри худамро баён кунам. Раис ва судяҳои Додгоҳи конститутсионӣ, ки ин қарорро қабул кардаанд, бояд фавран ба истеъфо раванд. Ин шармовар, хиёнат ба мардум аст. Набояд чунин кор рух диҳад. Акнун барои ислоҳи ин қарор маҷбурем чунин қонунҳо қабул кунем", - гуфт раиси порлумон.
Пештар аз ин суханон намояндаи президент ва девони вазирон дар порлумон Алмосбек Абитов дархост карда буд, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи Суди конститутсионӣ" ба муҳокима гузошта шавад.
Гап дар бораи тарҳи қонуне меравад, ки бар асоси он бояд ба Суди конститутсионӣ иҷозаи бекор кардан ё бозбинии қарори худро диҳанд.
Бино ба қонунгузории амалкунанда дар Қирғизистон, қарори Суди конститутсионӣ ниҳоӣ буда, мавриди бозбинӣ қарор намегирад. Дар сурати қабули тағйироти охир, Суди конститутсионии Қирғизистон ҳақ пайдо мекунад, ки қарорҳои худро бозбинӣ ва тағйир диҳад.
Дар моҳи июли имсол Суди конститутсионии Қирғизистон бо қабули қароре ба занони он кишвар иҷоза дода буд, ки ба фарзандон номи худро ҳамчун насаб диҳанд, на номи падари фарзандонро.
Акнун мехоҳанд, ин қарорро бекор кунанд.