Merсedes ба Украина беш аз 100 мошини боркаши низомӣ додааст

Ширкати олмонии Mercedes-Benz Special Trucks ба Украина бештар аз 100 мошини боркаши низомии навъи Zetros додааст. Дар ин бора дар сомонаи ширкат хабар дода шудааст.

"Ширкати Mercedes-Benz Special Trucks ба вазорати мудофиаи Украина бештар аз 100 мошини боракаши Zetros додааст. Ин мошинҳо барои анҷоми вазифаҳои низомӣ ва ҳамлу нақли бор пешбинӣ шудаанд", - омадааст дар хабари ширкат.

Пеш аз интиқоли мошинҳои навъи Zetros ронандагон давраи омӯзиши рондани ин мошинҳоро гузашта буданд.

Дар хабари ширкат омадааст, ки мошинҳоро барои Украина ҳукумати Олмон харидааст.