Барои гурез аз “мобилизатсия” дар Русия 6 кас зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ

Дар як моҳи охир дар шаҳри Новосибирски Русия шаш хидматчии ҳарбиро ба гуноҳи фирор дар айёми сафарбарӣ ё "мобилизатсия" ба зиндон маҳкум кардаанд.

Аз ҷумла, бо ҳукми додгоҳи Новосибирск рӯзи дуюми август Набиҷон Содиқов 5 сол зиндонӣ шуд.

Ӯро ба он гунаҳкор кардаанд, ки дар ду давраи сафарбарӣ, аз моҳи декабри соли 2022 то марти имсол, аз қисми низомӣ гурехтааст.

Як рӯз баъд аз ҳукми ин афсар, додгоҳ Алексей Кривдаро панҷ солу як моҳ зиндонӣ кард. Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ аз моҳи декабри соли 2022 то миёнаҳои феврали имсол дар қисми ҳарбӣ набуд.

Ба ин тартиб, 5 нафаре, ки дар як моҳ ҳукмашон эълон шуд, барои гурез аз сафарбарӣ ё мобилизатсия ҷазои баробар гирифта, як нафар шартан зиндонӣ шудааст.

Дар умум то охири моҳи апрели имсол додгоҳҳои низомии Русия беш азз 1000 парвандаро ба зидди сарбозону хидматчиёни ҳарбӣ баррасӣ кардаанд, ки аз фармони сафарбарӣ саркашӣ намудаанд.