Расонаҳои Қазоқистон хабар доданд, ки дар ин кишвар сомонаи Бюрои саноат ва амнияти вазорати тиҷорати Амрико дастнорас шудааст.
Дар сомонаи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон омадааст, ки сомонаи bis.doc.gov барои "паҳн кардани иттилои бардурӯғ баста шуд", вале шарҳ надодаан.
Пештар аз ин расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки "бастани сомонаи ҳукуматии Иёлоти Муттаҳида ба он рабт мегирад, ки сомона навишта буд, Қазоқистон дар давр задани таҳримҳо ба Русия мадад мерасонад".
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон гуфтааст, дар сурати тафтиши такрорӣ ва ошкор нашудани қонуншиканӣ сомона дубора дастрас хоҳад шуд.