Аз охири моҳи феврали соли 2022 ҳампаймонҳояш ба Украина тақрибан 100 миллиард доллар кумаки низомӣ кардаанд.
Дар ин бора Алексей Резников, вазири ҳамакнун пешини мудофиаи Украина, пеш аз эъломи истеъфояш хабар дод.
"Ин 100 миллиард доллар силоҳ, техника, мушак ва таслиҳоти дигарро дар бар мегирад," -- гуфт Резников. Вай афзуд, "беш аз нисфи ёриҳо – наздик ба 60 миллиард долларро Амрико таъмин кардааст."
Сиёсатмадорони ғарбӣ мегӯянд, ёриҳои низомӣ ба Украина бояд идома ёбанд. Киев дар навбати худ аз кишварҳои Ғарб навъҳои нави аслиҳа, аз ҷумла ҳавопаймоҳои низомӣ ва мушакҳои миёнапарвозро талаб дорад.
"Бо ин вуҷуд, баъзе аз коршиносон мегӯянд, агар Киев дар ҳамлаи ҷавобии тобистони соли 2023 пешрафте нишон надиҳад, мумкин аст, кумаки низомии шарикони байнулмилалӣ коҳиш ёбад," -- менависад "Садои Амрико".
Кумаки шарикон ба Украина дар ҳолест, ки Русия пеш аз ҳамла ба Украина ба артишаш солона 43,5 миллиард доллар харҷ мекард.
Ба навиштаи расонаҳо, аз ибтидои ҳамла Маскав буҷети артишашро бо рубли русӣ се баробар афзоиш додааст. Дар соли 2023 сеяки буҷети Русия мумкин аст, барои артиш харҷ шавад. Маскав тақсимоти буҷеташро махфӣ кардааст.