Украина мегӯяд, 22 паҳподи сохти Эронро нобуд кард

Оқибати яке аз ҳамлаҳо дар Одесса.

Фармондеҳони Украина мегӯянд, системаи дифои ҳавоии кишвар 22 дрон ва ё паҳподи қотили сохти Эронро дар вилояти Одеса нобуд кардаанд.

Ба гуфтаи неруҳои ҳавоии Украина дар умум Русия бо 25 паҳпод ба қаламрави Одесса ҳамла кардааст ва дар натиҷа ду нафар маҷруҳ шудаанд. Ба қавли мақомоти расмӣ, Русия бандарҳои Одесса дар рӯдхонаи Дунайро ҳадаф гирифтааст.

Пас аз қатъи иҷрои созиш дар бораи содироти ғалладонаи Украина аз тариқи Баҳри Сиёҳ, ки бо мусоидати Созмони Милал ҳосил шуда буд, рӯдхонаи Дунай ба як роҳи асосии содироти ғалладона табдил шуд. Баъди ин Русия зарбаҳо ба вилоятҳои Одесса ва Миколаев маҳалли бандар ва анборҳои азими ғалладона дар Украинаро зиёдтар кард.