Русия гуфт, аз се ҳамлаи дрон дар Қрим пешгирӣ кард

Рӯзи 12 август ҳам Русия гуфт, Киев талош кард бо мушаки навъи С-200 пули Қримро ҳадаф қарор диҳад

Вазорати дифои Русия рӯзи 2-юми сентябр гуфт, се паҳпод ё дрони нирӯҳои дарёии Украинро, ки пули Қримро ҳадаф қарор дода буданд, нобуд кард. Вазорат дар Телеграм-каналаш навишт, як дрон рӯзи 1 сентябр ва ду дрони дигар субҳи 2 сентябр нобуд карда шудааст.

Киев, ки ният дорад нимҷазираи Қримро бозпас бигирад, батакрор пули стратегиро, ки нимҷазираро бо Русия мепайвандад, ҳадаф қарор медиҳад. Ин пул, ба гуфтаи мақомоти украинӣ, як иншооти дигари ҷангӣ аст, чунки аз болои он муҳимоти низомӣ интиқол дода мешавад.

Қримро соли 2014 Русия ишғол кард ва ахиран Украина, ки амалиёти таҳоҷумиро пеш мебарад, ҳамлаҳояшро зидди нирӯҳои Русия дар ин нимҷазира афзоиш медиҳад.