Украина PepsiCo ва Mars-ро ба рӯйхати "сармоягузорони байналмилалии ҷанг" ворид кард

Оҷонсии зидди коррупсияи Украина исми ширкатҳои маъруфи PepsiCo ва Mars-ро ба рӯйхати сармоягузорони байналмилалии ҷанг ворид кард. Ин оҷонсӣ навиштааст, ки бо гузашти якуним соли ҷанг ҳам ин ду ширкат дар Русия монда, он ҷо андоз месупоранд ва бо ин корашон иқтисоди ин кишварро дастгирӣ мекунанд.

Ширкати PepsiCo бо истеҳсоли нӯшокиҳои Pepsi ва Mirinda, картошкабирёни хушкшудаи Lay's маъруф буда, 19 корхонаву 20 ҳазор коргар дар ин идора ва ҳам 40 ҳазор коргар дар соҳаи кишоварзӣ доштааст. Соли 2022 даромади ин ширкат дар Русия 333 фоиз афзуда, ба буҷаи ин кишвар 115 миллион доллар андоз супурдааст.

Ширкати Mars, ки шоколади навъи Mars, Snickers, Milky Way, Twix ва Bounty истеҳсол мекунад, даромадашро 59 фоиз зиёд карда беш аз 93 миллион доллар андоз супурдааст.