Дар занозание дар Рӯзи истиқлоли Қирғизистон даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар чорабинии варзишии Рӯзи истиқлоли Қирғизистон занозанӣ шудааст.

Даҳҳо нафар дар бетартибиҳои Уши Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Мусобиқаи Ҷоми президент оид ба кок-бору ё бузкашӣ дар ин кишвар бо муноқиша ва маҷрӯҳ шудани 100 нафар анҷом ёфт. Як касро ба бемористон интиқол додаанд.