Русия мехоҳад дар Қирғизистон 9 мактаб созад

Русия тасмим дорад, дар саросари Қирғизистон 9 мактаб бино кунад. Дар ин бора сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, маросими гузоштани санги асоси сохтмони мактабҳо рӯзи 1 сентябр баргузор мешавад. Дар ин маросим тариқи онлайн президентҳои ду кишвар Содир Ҷабборов ва Владимир Путин иштирок мекунанд.

Эрбол Султонбоев афзудааст, ки сохтмони мактабҳо танҳо соли оянда шуруъ мешавад, айни замон санги асос гузошта мешавад. Интизор меравад, се мактаби аввал то соли 2025 сохта ва ба истифода дода шавад. "Дар ниҳоят дар соли 2029 дар 9 мактаби муштарак бештар аз 11 ҳазор хонанда таҳсил хоанд кард", - хабар додааст сухангӯи президенти Қирғизистон.

Айни замон дар Қирғизистон мактабе фаъолият мекунад, ки аз сӯи ширкати "Газпром"-и Русия сохта шудааст. Дар ин мактаб, ки дар шаҳри Бишкек ҷойгир аст, 960 хонанда таҳсил мекунад.

Ба ҷуз аз сохтани мактабҳо, Русия ҳамасола ба Қирғизистон омӯзгор мефиристад. Мақомоти маорифи Қирғизистон гуфтанд, омӯзгорони русиягӣ асосан забони русӣ, риёзӣ, кимиё ва биология дарс медиҳанд.