Лукашенко талаби кишварҳои Балтикро "бемантиқ ва аблаҳона" хонд

Collage. Александр Лукашенко ва Евгений Пригожин. Акс аз Reuters ва ТАСС

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус, талаби берун кардани зархаридони гурӯҳи “Вагнер”-ро “беасос ва аблаҳона” хондааст. Дар ин бора Хабаргузории давлатии Беларусия иттилоъ дод.

Чанд рӯз пеш, Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония аз ҳукумати Беларус хоста буданд, ки ҷангиёни гурӯҳи “Вагнер”-ро фавран аз ин кишвар берун кунад, зеро ба иддаои мақомоти ин кишварҳо ҳузури чандин ҳазор зархариди мусаллаҳ дар Беларус ба амнияти сокинони тамоми минтақа хатар дорад.

Дар посух ба ин талаб, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, раҳбарияти Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик, дар масъалаи ҳузури низомиёни “Вагнер” “Воҳима” барангехта, талаби берун бурдани онҳоро мекунанд, аммо худи ин кишварҳо ба гуфтаи ӯ “сармоягузорӣ ба соҳаи ҳарбиро бештар карда, низомиёни зиёдеро дар марз бо мо ҷамъ овардаанд”

“Ҷавоб оддӣ аст, на дар Лаҳистон ва на дар Литваву дигар кишварҳои Балтик бояд ягон низомии хориҷӣ набошад. Дар он сурат мешавад дар бораи ҳузури ҷангиёни хориҷӣ дар ин ҷо ҳам эрод гирифт” -гуфтааст, Лукашенко

Баъд аз исёни нофарҷоми гурӯҳи низомии “Вагнер” дар Русия, дар охири моҳи июн, зархаридони он ба Беларус ворид шуданд. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, ҳадаф таълими ҳарбии сарбозони белорус аст.

Раҳбари гурӯҳи хусусии низомии “Вагнер” Евгений Пригожин, рӯзи 23-юми август ҳангоми суқути ҳавопаймо дар роҳ ба Санкт-Петербург даргузашт.