Шикояти Галкин аз монеагузориҳо ба кораш дар Қазоқистон

Ҳунарманд ва наттоқи рус, Максим Галкин аз он нигаронӣ кардааст, чанд моҳ боз наметавонад дар Қазоқистон барномаҳои консертии худро баргузор кунад.

Ӯ дар ин бора дар як муроҷиати видеоияш дар Инстаграм хабар додааст.

Ба гуфтаи Галкин, дар Қазоқистон "дар сатҳи давлат" ба баргузории намоишҳои ӯ дар шаҳрҳои Остона ва Алмато монеа эҷод мекунанд. Ин ҳунарманди рус таъкид кардааст, ки мансабдорони қазоқ пайваста монеи кори тими ӯ мешаванд.

"Баъзе аз омилҳои сохта ва мамнуиятҳои пасипардагӣ монеъ мешавад. Ман дарк мекунам, шояд ман барои мақомоти Қазоқистон тарсовар ҳастам ва онҳо аз баргузории намоишҳои ман метарсанд. Дар ҳоли ҳозир, воқеан ҳам баргузории намоишҳои ман пинҳонӣ манъ карда шудааст", - изҳор доштааст, ҳунарманди рус

Максим Галкин гуфтааст, аз ин монеагузориҳо хеле мутаасиф аст, зеро Қазоқистон ва мухлисонашро дар он ҷо дӯст медорад.
Мақомоти Қазоқистон расман ин гуфтаҳои ҳунармандӣ русро шарҳ надодаанд.

Максим Галкин, аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки аз нахустин рӯзҳои ҳамлаи Русия ба Украина, ин ҷангро маҳкум мекард. Мақомот дар ин кишвар ӯро ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шомил карданд,

Вазорати адлияи Русия гуфта буд, Галкин бо дарёфти маблағгузорӣ аз Украина, ба фаъолияти сиёсӣ машғул аст. Дар пай ҳамсари ӯ Алла Пугачёва ҳам аз шавҳари худ ҷонибдорӣ ва зидди ҷанг баромад карда, хост ӯро ҳам шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" созанд.