Ҷозеп Боррелл, масъули сиёсати хориҷии ИА рӯзи чаҳоршанбе аз кишварҳои узви иттиҳод даъват кардааст, ки барои Украина муҳимоти ҷангии бештар фармоиш диҳанд.
Бино ба гузориши хабаргузории Reuters, ин даъват пас аз нишасти вазирони дифои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Толедои Испания садо додааст.
Кишварҳои ИА моҳи марти имсол ба созиш расида буданд, ки дар давоми 12 моҳи оянда ба Украина як миллион тири тӯп интиқол медиҳанд. Ба гуфтаи Боррелл, дар доираи ин нақша то ҳол 224 ҳазор тири тӯп ва 2,3 ҳазор мушак ба маблағи 1,1 миллиард евро ба Украина фиристода шудааст.
Тибқи иттилои Deutsche Welle, ИА бунёди кумаки низомӣ ба Украинаро дар ҳаҷми 20 миллиард евро таъсис медиҳад ва Киев аз соли 2024 то соли 2027 солона барои хариди аслиҳа ва омӯзиши низомиёнаш 5 миллиард евро дарёфт мекунад.