Мақомоти Туркманистон барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба хориҷ сафар кунанд, талаботи нав ҷорӣ кардаанд. Акнун туркманистониҳо пеш аз сафар бояд анкетаеро пур карда, аз санҷиш гузаранд ва забонхат нависанд, ки баъди ба поён расидани муҳлати раводид ба ватан бармегарданд.
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 29 август хабар дод, ки қоидаи нав ба онҳое рабт дорад, ки раводид (виза)-и кишвари хориҷиро дарёфт кардаанд ва барои сафар комилан омода ҳастанд. Дар Вазорати амнияти миллии Туркманистон онҳоро аз санҷиши равоншиносӣ мегузаронанд.
"Хадамоти муҳоҷирати вилоятҳо рӯйхати сокинонеро, ки раводиди кишвари хориҷиро дарёфт кардаанд, ба Вазорати амнияти миллӣ пешниҳод мекунад. Маъмурони амниятӣ ҳамаи онҳоро барои суҳбат, пур кардани анкета ва супоридани санҷиш даъват мекунанд", - изҳор дошт хабарнигор.
Мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Туркманистон, ки ҳукумати он кишвар намехоҳад онро эътироф кунад, шаҳрвандонро маҷбур месозад, то барои дарёфти ҷойи кор ба хориҷ бираванд.