Пригожинро дар Санкт-Петербург ба хок супурданд

Евгений Пригожин, раҳбари ошӯби мусаллаҳона дар Русия ва мудири ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер”-ро дар маросими вижае, дар як қабристони Санкт-Петербург ба хок супурданд.

Шабакаи Телеграмии наздик ба гурӯҳи “Вагнер” рӯзи 29-уми август дар ин бора хабар дода, навиштааст, “Маросими видоъ бо Евгений Викторович пӯшида сурат гирифт.”

Маъмурияти қабристони Пороховский, ба шабакаи телеграмии MSK1, гуфтааст, Евгений Пригожинро соати 16-и рӯз ба хок супурдаанд.

Евгений Пригожин, раҳбари ҷангиёни “Вагнер” рӯзи 23-юми август ҳангоми суқути ҳавопаймо дар роҳ ба Санкт-Петербург ба ҳалокат расид.

Баъди чаҳор рӯз аз суқути ҳавопаймои ширкати хусусии низомии “Вагнер” Кумитаи тафтишотии Русия марги Евгений Пригожин, мудири ин ширкат ва 9 нафари дигарро тасдиқ кард.

Мақомоти Русия ҳанӯз омилҳои аслии суқути ҳавопайморо эълон накардааст, аммо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ фарзияҳои мухталифе дар ин бора садо медиҳанд.

Ошӯби Пригожин ба зидди фармондеҳони баландрутбаи Русия дар ду моҳи пеш шубҳаву гумонҳоро дар атрофи марги ӯ бештар кардааст.

Бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ ба даст доштани Ҳукумати Русия дар марги Пригожин ишора мекунанд. Кремл ин иддаоҳоро рад мекунад.