Боздошт ва сарнавишти норӯшани 50 муҳоҷири тоҷик дар Маскав

Акс аз бойгонӣ

Пулиси Русия рӯзи 28-уми август наздик ба 50 муҳоҷири тоҷикро дар ноҳияи Бутовои Ҷанубии Маскав боздошт кардааст. 

Як тан аз муҳоҷироне, ки боздошт нашудааст, вале шоҳиди ин ҳодиса будааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз сарнавишти ҳамроҳонаш хабаре нест. Ӯ гуфт, аз лаҳзаи боздошти онҳо беш аз 24 соат гузашт, вале ҳанӯз раҳо нашудаанд.

Пулиси Русия мавзӯро шарҳ надодааст, вале қаблан эълон карда буданд, ки буду боши муҳоҷиронро тафтиш мекунанд.

Чанд моҳи ахир муҳоҷирони тоҷик аз тафтишу фишор шикоят мекунанд.