Дар дархости додситони Бишкек Эмилбек Абдиманапов аз додгоҳ гуфта шудааст, ки сомонаи хабарии Kloop.kg-ро мехоҳанд барои "интиқод аз ҳукумати феълӣ ва бадном кардани ниҳодҳои давлатӣ" банданд.
"Матлабҳои расона дар сомона ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба танқиди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кунунӣ равона гаштаанд. Ҳамчунин, бештари матлабҳои расона манфӣ буда, ба бадномсозии намояндагони мақомоти давлатӣ ва шаҳрдорӣ нигаронида шудаанд", - омадааст дар дархости додситон.
Қаблан президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо Хабаргузории давлатии “Кабар” расонаи “Клооп”-ро барои таҳқиқоти рӯзноманигорияш дар бораи робитаҳои писари раисҷумҳур бо наздикони раиси Кумитаи амнияти он кишвар Қамчибек Тошиев танқид карда буд.
Худи расона то ҳол дархости додситонии Бишкекро шарҳ надодааст.