Дар ҳамлаи Русия ба Полтава ду украинӣ кушта шудаанд

Паёмади ҳамла ба шаҳри Киев

Мақомоти Украина мегӯянд, Русия шаби гузашта бо ҳамла ба вилояти Полтава дар шарқи он кишвар сабаби талафот ва харобӣ шудааст. Айни замон Русия аз ҳамлаҳои бештари дронҳои украинӣ ба қаламраваш хабар медиҳад.

Дмитро Лунин, раиси вилояти Полтава рӯзи 28-уми август дар Телеграм навишт, ки “дар натиҷаи ҳамлаи душман ду нафар кушта шуданд ва ду каси дигарро бо ҷароҳатҳои сабук ба бемористон бурданд. Ду нафар бенишон шудаанд.” Дар шаҳри Кривой Рог дар вилояти Днепропетровск, ба гуфтаи раиси вилоят ду хона вайрон шудааст. Дар Русия мақомоти расмӣ гуфтанд, ки шаби 28-уми август дар вилоятҳои Маскав ва Брянск чанд дрони украиниро дар ҳаво нобуд кардаанд.