Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, рӯзи 25-уми август гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин ба Ҳиндустон намеравад.
Рӯзҳои 9-10-уми сентябри имсол дар онҷо нишасти раҳбарони кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ё G20 баргузор хоҳад шуд.
Песков гуфт, Путин дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳашро ба "амалиёти махсуси низомӣ" равона кардааст. Кремл ҳамлаи бедалели Русияро ба Украина чунин ном мебарад. Киев ва ҳампаймонҳояш таҷовузи Русия ба хоки ҳамсоя медонанд.
Владимир Путин соли гузашта низ дар нишасти G20 ба Индонезия нарафта буд. Он замон чанд кишвар таҳдид карданд, ки дар сурати ҳузури Путин дар ин ҷаласа нишастро таҳрим хоҳанд кард.
Гузашта аз ин имсол Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дастури боздошти Путинро дар гӯшаҳои ҷаҳон баровардааст. Ҳиндустон ба мисли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва Русия узви Додгоҳи байнулмилалӣ нест.