Нерӯҳои Русия дар як деҳаи Украина ду нафарро куштаанд

Харков, Украина

Бар асари ҳамлаҳои Русия дар шарқи Украина рӯзи 26-уми август ду нафар кушта шудаанд.

Волии Харков Олеҳ Синеҳубов гуфт, ҳодиса дар як қаҳвахона дар деҳаи Подоли рӯй дод.

Нерӯҳои Русия дар рӯзҳои аввали ҳамла ба Украина Подолиро ишғол карда буданд, вале Киев дар моҳи сентябри соли гузашта онро пас гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Русия рӯзи 26-уми август дар бораи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Маскав гузориш дод.

Мақомот дар пойтахти Русия маҷбур шудаанд, ки кори се фурудгоҳи азимро муваққатан маҳдуд кунанд.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, як бесарнишинро дар 50-километрии ғарби Кремл аз байн бурданд.

Волии Белгород, ҳаммарз бо Украина, гуфт, нерӯҳои дифои ҳавоӣ як ҳавопаймои бесарнишинро дар наздикии деҳаи Купино афтонданд. Дар бораи зарару талафот гузориш нашудааст.