Александр Лукашенко рӯзи 25-уми август гуфт, амнияти Пригожинро дар берун аз қаламрави Беларус кафолат надода буд. Ҳарчанд, ба гуфтааш, ҳушдор дода буд, ки пас аз ошӯби моҳи июни имсол дар Русия ҷонаш дар хатар аст.
Лукашенко ҳамзамон гуфт, мутмаин аст, президенти Русия Владимир Путин дар суқути ҳавопаймои "Вагнер" даст надорад. "Путинро мешиносам... аз ин рӯ, тасаввур карда наметавонам, ки ин кори ӯст. Кори бисёр зишт ва ғайриҳирфаӣ," – афзуд раҳбари Беларус.
Евгений Пригожин дар моҳи июни имсол бо миёнравии Лукашенко ба исёни кӯтоҳмуддаташ дар Русия поён дод ва бо ҷангҷӯёнаш ба ин кишвар рафт.
Дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки сарнавишти зархаридони "Вагнер" дар Беларус чӣ хоҳад шуд, Лукашенко гуфт, "ҳаста"-и созмон – тақрибан 10 ҳазор нафар – дар кишвар хоҳад монд, то даме ки ба мо ва ин созмон зарур аст."
Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймои "Вагнер" рӯзи 23-юми август дар вилояти Твери Русия афтод ва ҳамаи мусофирону сарнишинонаш ҷон бохтанд. Эҳтимол яке аз онҳо Евгений Пригожин аст.