Нимпайкараи Ибни Синоро дар пойтахти Қазоқистон гузоштаанд

Нимпайкараи Абуалӣ Ибни Сино

Нимпайкараи Абуалӣ Ибни Сино, донишманду табиб ва шоири маъруфи тоҷик (форс)-ро дар шаҳри Остона гузоштаанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки маросими пардабардорӣ 25-уми август дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон сурат гирифт. Ба иттилои манбаъ, нимпайкараро ҳунармандони тоҷик сохтаанд.

Абуалӣ Ибни Сино соли 980, замоне ки давлати Сомониён ҳанӯз пойбарҷо буд, дар рустое дар канори Бухоро ба дунё омада, дертар ба ҳиҷрат рӯй овард.

“Ал-қонун-фит-тиб”, “Донишнома” ва “Китоби шифо” аз ҷумлаи маъруфтарин осори Бӯалист, ки то рӯзҳои мо расидаанд.

Ҳоло яке аз ноҳияҳои пойтахти Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии кишвар номи Ибни Синоро дорад.