Мақомоти Дания гуфтанд, одамонро барои таҳқир ва дар мазҳари ом сӯзондани китобҳои муқаддас, аз ҷумла Қуръон, Инҷил ва Таврот ба ҷавобгарии ҷиноӣ хоҳанд кашид.
Петер Ҳумелгаард, вазири адлияи Дания, рӯзи 25-уми август гуфт, пас аз чанд мавриди сӯзондани Қуръон, ки боис ба эътирози шадиди мусулмонҳо шуд, ин тасмимро гирифтанд.
Ба иттилои ӯ, барои чунин рафтор дар оянда то ду соли маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад.
Вазири адлияи Дания маъракаи таҳқири китобҳои муқаддасро рафторе номид, ки “ба амнияти шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ хатар дорад”.
Ҳоло дар Дания барои ибрози назар ва маъракаҳои зидди дин ҷавобгарӣ вуҷуд надорад.