КДАМ мегӯяд, Олжобой Шакир дар "Даъват ба сарпечӣ аз талаби қонунии намояндаи давлат ва бетартибии оммавӣ" айбдор мешавад. Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, дар саҳифаҳои Шакир дар шабакаҳои иҷтимоӣ "маводи дорои хусусияти иғвогарона" пайдо шудааст. Нурбек Токтакунов, вакили мудофеи Шакир айби нисбати нафари таҳти ҳимояташ эъломшударо ҳазён унвон кард.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 24 август Олжобой Шакирро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Тибқи қарори додгоҳ, Шакир дар рафти тафтишот - то 23 октябр дар ҳабс мемонад.
Нависанда ва рӯзноманигор Олжобой Шакир рӯзи 23 август 7 соат нопадид буд. Дертар хабар расид, ки вай дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аст.
Нозгул Бодбоева, ҳамсари вай дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки Шакир нисфирӯзии 23 август дар хона буд, аммо баъди он нопадид шуд.
"Вақте ман ба хона омадам, дар боз ва Олжобой дар хона набуд. Телефон хомӯш буд. Вай бо хешовандон тамос нагирифтааст. Мо намедонем, ки вай дар куҷост. Вақте ман хона омадам, кормандони пулиси шаҳри Бишкек ҳам омаданд. Онҳо гуфтанд, барои он омадаанд, ки дар бораи гирдиҳамоие суҳбат кунанд, ки Олжобой мехоҳад, 31 август баргузор кунад", - гуфт Бодбоева.
Шакири 52-сола аз амалҳои мақомот интиқод мекунад. Вай пешниҳод дошт, ки рӯзи 31 август зидди амалҳои ғайриқонунии мақомот гирдиҳамоӣ ташкил шавад.