Дар Узбекистон 240 босмачиро "сафед" карданд

Додгоҳи олии Узбекистон панҷ парвандаеро бозбинӣ кард, ки нисбат ба 240 кас боз шуда буд.

Онҳо дар муқовимати мусаллаҳона ба мақомоти Шӯравӣ (иштирок дар ҳаракати босмачигарӣ) гунаҳкор шуда буданд. Додгоҳи олии Узбекистон акнун онҳоро бегуноҳ эълон кард.

Ба иттилои маркази матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон, онҳо "шӯриши мусаллаҳона ва ё ҳаракати зиддиинқилобӣ"-ро дар қаламрави имрӯзаи Қарақалпоқистон, Сурхондарё, Навоӣ, Самарқанд ва Қашқадарё дар солҳои 1929-1931 анҷом додаанд. Онҳо шаҳрвандони Узбекистони Шӯравӣ ва Қазоқистони Шӯравӣ буданд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ низ Додгоҳи олии Узбекистон парванди 208 узбекистонии дигарро баррасӣ ва онҳоро "сафед" кард, ки дар солҳои 1930-1931 таъқиб шуда буданд.

Мақомоти Шӯравӣ он афродро ба Сибир бадарға карда буданд.

Пештар аз он низ гуруҳи кории гиромидошти хотираи қурбониёни таъқибҳо 408 каси дигарро "сафед" карда буд. Дар айни замон теъдоди умумии сафедшудаҳо таъқибҳои Шӯравӣ дар Узбекистон ба 856 кас расидааст.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, моҳи августи соли 2021 гуфта буд, ки дар даврони СССР 100 ҳазор узбекистонӣ таъқиб ва аз онҳо 13 ҳазорашон паронда шуда буданд. Дар Узбекистон 31-уми август Рӯзи гиромидошти қурбониёни таъқибҳо унвон шудааст.