Президенти собиқи Амрико Доналд Трамп баъд аз дуним сол дубора ба шабакаи Х, Твиттери собиқ, баргашт.
Вай аввалин изҳороташро баъди ба зиндони Атланта таслим кардани худ нашр намуд.
Трампро дар тавтеа барои бекор кардани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020 гумонбар медонанд, чун он сол дар овоздиҳӣ мағлуб шуд ва нахост натиҷаҳоро эътироф кунад.
Ӯ аксеро нашр кард ва дар зераш навишт: “Дахолат ба интихобот. Ҳеч гоҳ дилсард нашав!”
Ин саҳифа инчунин ба вебсайте ишора мекунад, ки ба ҷамъоварии маблағ даъват кардааст.
Баъд аз 8-уми январи соли 2021 ин саҳифаи Трамп баста буд, чун Твиттер он вақт навиштаи ахири ӯро чун хатари даъват ба хушунат масдуд карда буд.