Президенти Тоҷикистон рӯзи 25-уми август бо сафарӣ корӣ ба Қазоқистон рафт.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, вазирони фарҳанг, кишоварзӣ, саноат, кору муҳоҷират ва раиси вилояти Суғд ҳамроҳӣ доранд.
Дар ҷараёни мулоқоти ду президент дар Остона ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Додугирифт миёни ду кишвар дар соли гузашта 1,4 миллиард долларро ташкил додааст.
Қазоқистон муҳимтарин воридкунандаи ғаллаву орд ва равған ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамчунин баъд аз Русия дуюмин кишваре аст, ки шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд.
Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан меваи хушк содирот мешавад.