Бишкек гуфт, Остона қоидаҳои Иттиҳоди гумрукро вайрон мекунад

Kyrgyzstan--Kazakstan--Border--Kyrgyz-Kazak--Ak Tilek--Ak-Tilek

Ҳайати Комиссияи иқтисодии Авруосиё вазъи марзи Қирғизистону Қазоқистонро меомӯзад, ки онҷо ахиран навбатпоии мошинҳои боркаш мушоҳида мешавад.

Намояндагони ин комиссия ба гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" рафтаанд. Муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Назарбек Малаев гуфт, комиссия бо дархости Қирғизистон омадааст.

"Баъди хабарҳо дар бораи омадани комиссия ҷониби Қазоқистон ба иҷозаи убури мошинҳо суръат бахшидааст. Айни замон дар як соат то 10 мошин марзро убур мекунад", - гуфт Малаев.

Вай афзуд, ҷониби Қазоқистон сабаби ба кундӣ иҷозаи убур додани мошинҳоро шарҳ намедиҳад. Малаев гуфт, чунин рафтор хилофи созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) аст, ки ҳам Қазоқистон ва ҳам Қирғизистон узви он ҳастанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон 23 август хабар дод, ки навбатпоии мошинҳои борбар дар гузаргоҳи марзии "Кен-Булун"-и байни Қирғизистону Қазоқистон низ мушоҳида мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар гузаргоҳи мазкур 146 ва дар гузаргоҳи "Оқ-Тилек" 493 мошин дар навбати убур истодаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, дар як рӯзи гузашта 112 мошин вориди Қазоқистон шудааст.

Дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" байни Қирғизистон ва Қазоқистон барои ронандагоне, ки дар навбати убури марз истодаанд, хайма заданд. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон рӯзи 22 август хабар доданд.

"Барои расонидани ёрии тиббӣ, равонӣ ва дигар кӯмакҳо барои ронандагон ҳамаи шароит фароҳам шудааст, ғизои гарм ташкил шудааст", - омадааст дар хабари мақомоти Қирғизистон.

Пештар аз ин Хадамоти марзбонии Қазоқистон иттилоъ дода буд, ки дар гузаргоҳҳои марзии Қазоқистон бо Қирғизистон маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Дар хабари мақомоти Қазоқистон омадааст, ки барои пешгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунӣ дар марз чораҷӯӣ мешавад.

Вазири молияи Қазоқистон Ерулан Ҷамаубоев гуфт, "онҷо барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир амалиёт сурат гирифта буд, ба ин хотир Хадамоти марзбонӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ амалиётро назорат мекунанд".