Хаймаҳои "Вагнер"-ро дар Беларус мебардоранд?

Урдугоҳи муздурони "Вагнер"-ро дар наздикии шаҳри Осиповичи Беларус тадриҷан аз байн мебаранд. Бахши беларусии Радиои Озодӣ баъд аз омӯзиши наворҳое, ки 23-юми август аз ширкати Planet Labs дастрас кард, гуфт, қариб сеяки хаймаҳои аъзои “Вагнер” барчида шудаанд.

Ин кор то замони суқути ҳавопаймое анҷом шудааст, ки ба иттилои мақомоти Русия дар дохилаш мудири ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” Евгений Пригожин ҳам буд.

Ба ҳисоби бахши беларусии Радиои Озодӣ, дар қисмати шимолии урдугоҳ дар наздикии шаҳри Осипович 129 хайма буд. То ин дам 65 хаймаро бардоштаанд. Дар ғарби урдугоҳ аз 64 хайма 27 ва дар қисмати марказӣ аз 80 хайма 9 хаймаро аз байн бурдаанд.

Аз байн бурдани хаймаҳо аз якуми август оғоз шудааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки зархаридони “Вагнер” ин урдугоҳро тарк кардаанд ё не. Нашрияи "Беларус Гаюн" навишт, аз урдугоҳ ба деҳаи Селжеи ноҳияи Осипович рафтани ҷангҷӯёнро сабт накард. Як шаб пеш аз суқути ҳавопаймое, ки гуфта мешавад дар дохилаш роҳбари “Вагнер” буд, дар наздикии урдугоҳ интернет дастнорас шудааст.

Бахши беларусии Радиои Озодӣ бо такя ба аксҳои моҳвароӣ гузориш дод, ки дар урдугоҳҳои дигари “Вагнер” дар Беларус хаймаҳои нав сохта нашудааст.

Зархаридони "Вагнер" баъд аз ошӯби нофарҷом дар Русия дар рӯзи 24-уми июн ба Беларус рафтанд. Онҳо баъд аз ишғоли шаҳри Ростови лаби Дон ба самти Маскав ҳаракат карданд, вале бо миёнравии Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус аз роҳашон гаштанд ва ба Беларус рафтанд.