Узбекистон дар Қарабоғи Куҳӣ мактаб сохтааст

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар сафараш ба Озарбойҷон ба шаҳри Физулии Қарабоғи Куҳӣ низ рафтааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Узбекистон рӯзи 23 август хабар дод.

"Дар давоми 30 соли ахир шаҳри Физулӣ комилан тахриб ва ба шаҳри арвоҳҳо табдил шуда буд. То замони даргириҳо дар ин шаҳр наздики 18 ҳазор кас зиндагӣ мекард", - омадааст дар хабари расмӣ.

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Узбекистон, дар шаҳри Физулӣ аз ҷониби Узбекистон барои 950 хонанда мактаб сохта шудааст. Президентҳои ду кишвар ва ҳамсарони онҳо дар расми кушодашавии мактаб ширкат карданд.

Мактаб ба номи Мирзо Улуғбек гузошта шудааст.

Озарбойҷону Арманистон, ба далели Қарабоғи Куҳӣ, дар ҳолати низоъ қарор доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Қарабоғи Куҳиро ҳудуди Озарбойҷон эътироф кардааст. Дар даргириҳои солҳои 1988-1994 дар Қарабоғи Куҳӣ 30 000 кас кушта шудааст. Он солҳо қимати асосии ин минтақа таҳти назорати Арманистон даромад ва садҳо ҳазор озарбойҷонӣ маҷбур шуданд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд.

Дар натиҷаи ҷанги 40-рӯза дар тирамоҳи соли 2020 Озарбойҷон тавонист, ки Қарабоғи Куҳиро таҳти назорати худ дарорад.